ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бунёд сад корхона ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора ахиран ба тасвиб расидааст.
Тибқи ин қарор дар шаҳри Душанбе то соли 2026 сад корхонаи саноатӣ бунёд мегарданд.
Шаҳрдори қайд кардааст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо муҳоҷирони ватанӣ барои фаъолият дар ин корхонаҳо ҷалб карда мешаванд.
“Дар пойтахт то соли 2026 бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст”,- иттилоъ додааст шаҳрдорӣ.
Инчунин тибқи нақша, давоми ин солҳо сифат ва банду басти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла алюминий ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Ҳамзамон дар ин муддат рушди миёнасолонаи саноат дар сатҳи на кам аз 20 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,5 милиард сомонӣ расонида мешавад.
Шаҳрдори қайд кардааст, ки бо бунёди корхонаҳои нав даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида ва сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии кишвар аз ашёи хоми воридотӣ паст карда мешавад.