Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд

Президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳамаи ҷонибҳои даргир дар Украина даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар сари мизи музокирот нишинанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп зарурати музокироти фаврӣ дар Украинаро таъкид намуда, дар акси ҳол аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳушдор дод.
Ӯ зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар аёлати Невада ҷонибҳои даргир дар Украинаро ба музокирот даъват намуд.
"Ҳоло мо низоъ миёни Русия ва Украина дорем. Бояд ба музокироти фаврӣ дар бораи хотимаи сулҳомези ҷанг пардозем", - гуфт ӯ.
Дар акси ҳол, афзуд Трамп, ҷаҳонро ҷанги сеюми ҷаҳонӣ интизор аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ мақомдорони Киевро ба музокирот даъват намуда, таъкид кард, ки натиҷаи раъйпурсии ахир мавриди баррасӣ қарор дода нахоҳад шуд.
Баъди нақшаи созиш миёни Русия ва Украина: Ба Маск президентӣ дар ИМА пешниҳод шуд
Ӯ гуфт, халқи ношикастаи Донбассу манотиқи озодшудаи Херсону Запроже интихобашонро карданд ва онҳо барои ҳамеша шаҳрвандони Русияанд. Вай таъкид намуд, ки Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.
Раисҷумҳури Русия Киеву кишварҳои ғарбиро ба эҳтироми интихоби мардуми Донбассу Запороже даъват намуд.