Қурби се асъори асосӣ дар Тоҷикистон поин рафт

Дар Тоҷикистон поинравии қурби асъори хориҷӣ - рубл, евро ва доллар ба қайд гирифта шуда, арзиши пули миллӣ - сомонӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубли Русияро дар кишвар 165 сомонӣ муқаррар кард, ки нисбати нишондоди рӯзи қаблӣ 1,5 сомонӣ поинтар аст. Аввали ҳафта ин нишондод 168,9 сомониро ташкил медод.
Ба иттилои ин ниҳод қурби доллари амрикоӣ низ дар бозори асъори кишвар каме поин рафта дар сатҳи 10.2190 сомонӣ қарор дорад. Арзиши 1 евро ҳам каме коҳиш ёфта, ба 10.0409 сомонӣ баробар шудаст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон зикр шудаст, ки 1 доллари ИМА аз 10.2190 то 10.1500 сомонӣ, 1 евро аз 10.0409 то 10.1000 сомонӣ ва 1 ҳазор рубли русӣ аз 165 то 167 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Қурби рублу доллар дар моҳи октябр чун хоҳад буд?
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".