ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Як сокини ноҳияи Муъминобод бо иттиҳоми қаллобӣ бо сӯиистифода аз номи мақомоти давлатӣ дастгир шудааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти Вазортаи корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрванд Б.Х аз ҷониби кормандони амнияти дохилии ин ниҳод дастгир шудааст.
Ба иттило манбаъ, пайгирии ин ҷавони 29-сола пас аз воридшавии шикоёти зиёд аз ыониби шащрвандон, махсусан ронандагони кирокаш сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ӯ ба ВКД ҳеҷ иртиботе надорад, аммо бо сӯистифода аз номи ин ниҳод бо пӯшидани либоси низомӣ ва ба таври сохтакорӣ омода намудани ҳуччатҳои қалбакӣ бо рутбаи лейтенанти калони милитсия даст ба фиреб ва ҳамзамон таҳдиду тамаъҷӯӣ задааст.
Дар яке аз ҳоалтҳои мавсуф аз як шаҳрванд барои бо кор таъмин намудан дар ВКД 10 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст, мегӯяд манбаъ.
Зимни боздошт аз ӯ шаҳодатномаи хизматии қалбакии бо номи “Сабзов Далер” ва ду адад шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо номи “Ҷобиров Далер” ва боз “Сабзов Далер” ёфт шудааст.
Дар навлорҳои нашркардаи ВКД низ дида мешавад, ки мавсу бо либосҳои низомӣ мошин меронад.
ВКД мегӯяд, ӯро қаблан низ мақомот боз дошт карда, барои барқарор кардани зарари расонидааш муҳлат дода буданд, аммо мавсуф аз назарҳо пинҳон гашта, боз ба қаллобӣ даст задааст.
Аз афроде, ки аз дасти ин шахс фиреб хӯрдаанд, даъват шудааст, ки ба ВКД муроҷиат кунанд.