ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени дараҷаи III дод, иттилоъ додааст портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро “Барои хидматҳояш дар назди Ватан" қадрдонӣ кардааст.
Фармони дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
“Барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Русия ва Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “хидмат назди Ватан”-и дараҷаи III”, сарфароз гардонида шуд — гуфта мешавад дар санади мазкур.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи раисҷумҳури Русия нест.
Дар соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.
Владимир Путин Президенти Тоҷикистонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Русия Ордени Александр Невский сарфароз намуд.