Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Абхазия дармонда буд, ба Ватан баргашт

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз баргардонидан ба Ватан шаҳрванде, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар минтақаи Абхазистон дармонда буд хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Ахиран бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар минтақаи Абхазистон дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Таъкид шудааст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Сафорат қайд кардааст, ки аз ин ба баъд низ кӯшиш хоҳад кард, чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи феврал Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хабар дод, ки аз сӯйи мақомоти Русия еш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар афв карда шудаанд.
Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.
Тибқи омори Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд.