ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон як тарҳи ҳафтмоддаиро ба давлати толибон барои эҷоди давлати интиқолӣ пешниҳод кард, иттилоъ додааст бахши дарии сомонаи “Парс Тудей”
Ӯ хостори нишасти муштарак байни намояндагони аҳзоби бонуфузи Афғонистон ва намояндагони ҳайати ҳоким шудааст
Оқои Ҳикматёр ҳамчунин пешниҳод кард, ки ин нишаст бояд дар кишваре бетараф баргузор шавад, ва дар он намояндагони созмону давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони Созмони Милал ба унвони нозир ва ҳомӣ дар ин раванд ҳузур дошта бошанд.
Раиси Ҳизби исломии Афғонистон таъкид кард, қудрат бояд аз давлати муваққати толибон дар ин кишвар ба сурати мусолиматомез ва бидуни таъхир ба ҳукумати қонунии оянда, ки бар асоси қонуни асосии ҷадид эҷод мешавад, мунтақил гардад.
Ҳикматёр ҳамчунин гуфт, ҳаддиаксар як сол барои оғозу поёни кулли ин фароянд дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, давлати муваққати толибон дар Афғонистон ҳанӯз ба ин тарҳ вокуниш нишон надодааст.