Баррасии равобит дар бахшҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Туркманистон

Мақомоти Тоҷикистону Туркаминистон ба хотири тақвияти равобит ахиран дар шаҳри Ишқобод ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тақвияти равобит миёни дукишвар зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон Аннамаммедов Баймират баррасӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои мухталифи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Туркманистон дар Хатлон мактаби нав месозад
Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон” замина пайдо намуд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.