ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ғарб бо кӯшиши сарнагун кардани Русия бо истифода таҳримҳо ба дом афтодааст, изҳор дошт афсари собиқи истихбороти Швейтсария ва мушовири НАТО, полковник Жак Бо.
Вай дар сӯҳбат бо "Grayzone" гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида қасдан дар Украина муноқишаро барангехтааст, то онро ҳамчун абзори мубориза бо Маскав истифода кунад.
"Мо ба Украина сарукоре надорем; ҳадафи аслии даргириҳо таҳрик додани Русия ва тахриби иқтисоди он тавассути таҳримҳо буд. Аммо мушкилот дар он аст, ки ин таҳримҳо кор намекунанд", - гуфт низомии собиқ.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи аслии Вашингтон пешбинӣ мекард, ки таҳримҳо ба Федератсияи Русия хисороти ҳангуфт меоранд ва ба ин далел амалиёти ҷангӣ зуд хотима меёбад.
"Мо ба муқобили он (Русия - идора.) ҳарчи бештар таҳримҳои нав ҷорӣ мекунем ва ҳамааш бефоида. Ғарб ба доми ҳисоби нодурусти худ афтод ва барои Украина ин хеле таассуфовар аст", - таъкид намуд Жак Бо.
Ин афсар афзуд, ки ҳоло Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бенатиҷа кӯшиш мекунанд, ки Маскавро аз ҷиҳати сиёсӣ заиф кунанд.