ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Турсунзода ҳукми як зан, сокини ин шаҳр, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад, эълон намуд.
Бар хабари дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ҳодисаи куштори тағо аз сӯи ҷиянаш моҳи июни соли равон рух додааст.
Гумонбаршуда дар ҳолати мастӣ нисфи шаб бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани тағояш ба хонаи ӯ омада, аввал бо дасти росташ як зарбаи сахт ба руи тағои худ зад, ки номбурда бинобар сархуш будан, ғалтид ва сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрду ӯ аз ҳуш рафт.
Зимнан маҳкумшуда охиронро буғӣ карда ба қатл расонд.
Ин зан ҷасади тағояшро бо таксӣ ба хонае овард, ки ҳамроҳи модараш иҷора гирифта буд. Ӯ сабаби маргашро истеъмоли зиёди машрубот арзёбӣ кард.
Манбаъ меафзояд, гуноҳи зан дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ собит гардид ва бо ҳукми суд ӯ ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон шуд.