Украина барои узвият ба НАТО дархост мекунад

Давлати Украина чанде пеш эълом кардааст, ки барои узвият ба ҳайтаи НАТО мутобиқ бо барномаи фишурда дархост хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Украина барои пайвастан ба НАТО дархост кардааст, иттилоъ додааст дафтари Зеленский.
Парлумони Украина дар моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун ислоҳот ворид карда, аз мақоми бетарафии давлат даст кашид.
Моҳи феврали соли 2019 порлумони Украина ислоҳот ба конститутсияро қабул кард, ки роҳи кишварро барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО муайян мекунад. Украина шашумин давлатест, ки дар НАТО мақоми шарики бо имкониятҳои ваасеъро дорад.
Намояндагони расмии Вашингтон борҳо изҳор доштаанд, ки дар ин марҳила имкони вуруди Украина ба НАТО баррасӣ намешавад.
Путин санади пайвастани Донетск, Луганск, Херсон ва Запарожиеро имзо кард
Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида таъкид кард, ки паймон ҳеҷ гоҳ аз сиёсати "дарҳои боз" даст нахоҳад кашид ва эҳтимол дорад, ки Киев дар оянда метавонад барои пайвастан ба ин созмон талош кунад.
Ёдовар мешавем, дархости Украина барои пайвастан ба НАТО ар пайи имзои санади пайвастани ҶМД, ҶМЛ ва вилоятҳои Херсону Запарожие ба ҳайати Русия сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки маросими имзои санади мазкур дар кохи Кремлин аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва роҳбарони ҷумҳуриҳои ҶМЛ, ҶМД ва вилоятҳои Херсону Запарожие сурат гирифт.