Путин мустақилияти Херсону Запорожеро эътироф кард: Эълони соати пайвастшавӣ бо Русия

Далели эътирофи мустақилияти Херсону Запороже ба ҳайси қаламравҳои мустақил натоиҷи раъйпурсии мардуми он ва меъёрҳои Оинномаи СММ гуфта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин фармони эътирофи Херсону Запороже ба ҳайси қаламравҳои алоҳидаро имзо кард.
"Бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бо эътирофи баробарию ҳаққи соҳибихтиёрии халқҳо, ки дар Оинномаи СММ сабт гардидаст, бо назардошти раъйдиҳии мардум, ки 27 сентябри 2022 баргузор шуд, қарор мекунам: Соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли вилояти Херсон эътироф шавад", - омадааст дар фармон.
Бо чунин як фармони дигари раисҷумҳури Русия соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти вилояти Запороже низ эътироф гардид.
Путин: Ғарб бояд Русияро эҳтиром кунад
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, 30 сентябр дар Кремл расман маросими имзои созишномаҳо дар бораи вуруди чаҳор қаламрави нав - ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва ҳамчунин вилоятҳои Херсону Запороже баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ Путин ва вакилони парлумон ширкат хоҳанд кард.
Тавре котиби матбуотии раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков изҳор дошт, маросим соати 15:00 оғоз мешавад. Ба гуфтаи вай, бо ҳар чаҳор субъекте, ки раъйпурсӣ баргузор шуда буд, созишнома дар бораи пайвастан ба Русия имзо мегардад.
Раъйпурсӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.