ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар як маркази таълимии Кобул даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи рӯзи ҷумъаи 30 сентябр дар маркази "Коҷ" дар ноҳияи Дашти Барчӣ ба амал омада, дар пайи он ҳадди ақал 19 нафар кушта ва 27 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳо, ин таркиш ҳангоми имтиҳонсупории таълимгирандагон рух додааст. Бисёре аз қурбониёнро духтарон ташкил додаанд.
Дар шарҳи теъдоди қурбониён котиби матбуотии пулиси Кобул изҳор доштаст, ки омори ироашуда бо такя ба иттилои аввалия буда, он метавонад афзоиш ёбад.
Ҳамларо интиҳорие амалӣ кардааст. Ҳанӯз ягон созмони террористие масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Қаблан ҳамлаҳои террористиро дар Афғонистон, ки умдатан рӯзҳо ҷумъа дар маконҳои таҷаммӯи намогузорон амалӣ карда мешаванд, созмони террористии ДОИШ* ба уҳда мегирифт.
Толибҳо дар зимн эълон медоранд, ки мубориза алайҳи терроризмро дар кишвар тақвият додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.