Ҳушдори СММ дар хусуси афзоиши кишвт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон

Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ дар бораи афзоиши кишвт хашхош ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Раиси идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳиди Годо Виллӣ, ахиран дар нишасти шӯрои амният аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост барои мубориза, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир талош кунанд, иттилоъ додааст бахши дарии сомонаи "Парс Тудей".
Оқои Виллӣ гуфт, гузориши ин идора дар робита ба мизони кишти кукнор тавлиди тирёк ва ҳероинро дар як соли гузашта дар Афғонистон низ аз рӯй тахмин омода шуд ва моҳи оянда эълом хоҳад шуд.
Дар гузориши идораи мубориза бо маводи мухаддири СММ, ки ба нишасти Шӯрои амнияти ин созмон ироа шуд, нишон медиҳад, ки дар моҳҳои ахири кишварҳои минтақаи шоҳиди кашфи маҳмулаҳои калони қочоқи мавод мухаддир буданд, ки аз Афғонистон содир шудааст.
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани толибон
Афғонистон яке аз бузургтарин ва аслитарин тавлидкунандагони тирёк дар ҷаҳон аст.
Беш аз чаҳор миллион аз мардуми Афғонистон низ муътод ба маводи мухаддир шудаанд ва беш аз 500 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар низ даргири тиҷорат, кишту истеҳсоли мавод мухаддир ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқи мондааст.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) таъкид кардааст, ки кишти хашхош тайи ду даҳсолаи охир пайваста афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои дафтари мазкур, дар соли 2021 бештар парвариши тарёк дар ҷанубу ғарб (79%), сипас дар ғарб (10%) ва шимоли ин кишвар (6%) сурат гирифтааст.
Толибон ба ваъда вафо накарданд. Кобулов гуфт, маводи мухаддир дар Афғонистон кам нашуд
Ба минтақаҳои шарқӣ ва шимолу шарқӣ ҳамаги 2%-и ҳаҷми умумии кишти тарёк рост меояд. Минтақаҳои чанубӣ ва марказӣ якҷоя 0,8 фоизи тамоми кишти тарёкро ташкил медиҳанд.
Ҳилманд дар кишти тарёк низ пешсаф боқӣ мемонад. Пас аз он Қандаҳору Фароҳ, Урузгон, Бодғис, Форёб, Бадахшон, Нимрӯз ва Балх ҳастанд.
Шумораи вилоятҳое, ки дар он дар соли 2021 тарёк кишт нашудааст, аз 12 то 11 кам шудааст.
Вилояти Самангон, ки аз кишти тарёк озод буд, ба қатори вилоятҳое, ки дар он тарёк кишт мешавад, дохил шуд ва дар умум ҳоло дар 23 вилояти Афғонистон ин навъи маводи мухаддир парвариш мешавад.