ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон вазири маориф ва илми ин кишвар Алмазбек Бейшеналиевр барои гирифтани пора дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ӯ дар гирифтани 110 ҳазор доллар муттаҳам мешвад.
"Дар бораи гирифтани ришва ба миқдори махсусан калон (110 ҳазор доллар) ҳангоми шомил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ тафтишот идома дорад", - афзудааст манбаъ.
Бейшеналиев солҳои 2020-2021 раҳбари Вазорати маориф ва илми Қирғизистон буд, вале баъдан аз мақом барканор ва сафир дар Швейтсария ва ҳамчунин намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ таъин шуд.
Моҳи феврали соли равон Бейшеналиев боз ба вазифаи вазир таъин шуд.
Ахиран пешниҳоди ӯ дар мавриди гузаронидани Қирғизистон ба таҳсилоти 12-сола мавриди баҳсҳо дар ҷомеаи ин кишвар қарор гирифта буд.
Инчунин, дар назди ӯ директорони мактабҳо аз рӯи озмун интихоб шудан гирифтанд.