Кумаки Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманд дар Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, кумаки башардӯстона Ҳукумати кишвар ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди Афғонистон тақсим гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Бо дастурираисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар 1000 тонна орди гандумро ба Афғонистон ирсол намуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) хабар додааст, ки ин кумаки башардӯстона ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди ин Афғонистон тақсим гардид.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки 26 ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ масаълаи кумак ба Афғонистонро баррасӣ кард
Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин шуда тасмим гирифт, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намояд.