ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Пас аз эълони сафарбаркунии қисмӣ дар Русия сафари иддае аз шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон афзоиш ёфтаст.
Сухангӯи ВКД ҶТ, Нусратулло Маҳмадзода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамкории ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Русия дар доираи Интерпол ва шартномаҳои имзошуда миёни кишварҳо танзим мекунад.
“Бино ба онҳо, ду кишвар муваззафанд, ки ҷинояткоронро ба якдигар таслим кунанд. Дар шароити кунунӣ агар як нафар дар Русия аз мизи ҳарбӣ ё аз қисми ҳарбӣ ё бо силоҳу либоси низомӣ тарки вазифа карда, ба як кишвари дигар, фирор карда бошад, тибқи қонунгузории Русия муҷозот мешавад. Дар ҳоли паноҳ бурдани ӯ дар Тоҷикистон ё ягон кишвари дигар Русия метавонад тақозои боздошту истирдоди ӯро кунад”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.
Бино ба тағйироти ҷадид дар қонунгузории Русия, барои саркашии аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ як сарбоз акнун бо 10 соли зиндон ва фирор аз хидмат дар даврони басиҷ дар Русия як нафар ба 15 соли ҳабс маҳкум мешавад.
Сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон афзуд, тағйирот дар қонунгузории Русия нав ба миён омадааст ва фармон нав имзо шудааст, акнун ба қонунгузории Русия бастагӣ дорад, ки критерияи ҷиноятро чӣ гуна бандубаст мекунад, инро, ки ҷинояти байнулмилалӣ аст ё дохилӣ.
“Як нафаре, ки аз сӯи Русия ҷинояткор эълон шавад ва дар Тоҷикистон паноҳ бурда бошад, тибқи шароити ҳамкориҳо дар дойираи Интерпол ва созишномаҳои ҳамкории ниҳодҳои қудратии миёни кишварҳо, ки ҳамшарик ва субъекти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳастанд, боздошт ва истирдод хоҳад шуд. Аммо то ба ҳол чунин мавриде дар Тоҷикистон сабт нашудааст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.
Сафари шаҳрвандони Русия ба хориҷ дар пайи эълони басиҷи нисбӣ сурат мегирад, ки аз сӯи раҳбарияти Русия эълон шуд. Ҳоло иддае аз шаҳрвандони Русия ба кишварҳои умдатан собиқ Шӯравӣ паноҳ мебаранд, ки Тоҷикистон яке аз онҳост.