ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Нархи патенти кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Приморск дар соли 2023 тақрибан бетағйир боқӣ мемонад.
Ин тасмим ахиран дар ҷаласаи Маҷлиси қонунгузори вилоят қабул карда шудааст.
Маҷлис қарор кардааст, ки коэффисиенти муайянкунандаи бозори меҳнати маҳаллӣ, ки аз рӯи он нархи патент ҳам муайян карда мешавад, дар сатҳи 3,2 нигоҳ дошта шавад.
Коэфиссенти маҳаллӣ яке аз нишондиҳандаҳои муайянкунандаи нархи патент дар минтақаҳои Русия мебошад, ки соли равон бо назардошти он арзиши патент дар Приморск 6603 рублро ташкил медиҳад.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бо дарназардошти афзоиши пешбинишудаи коэффисиенти дефлятори андоз аз даромади шахсони воқеӣ, ки Вазорати рушди иқтисоди Русия муқаррар мекунад, пардохти моҳона барои патент метавонад тақрибан 7680 рублро ташкил диҳад.
Дар мавриди далели боло набурдани коэфиссенти маҳаллии муайянкунандаи бозори меҳнат, зикр шудааст, бо назардошти вазъи кунунии иқтисодӣ қарор шудаст, ба қимати патент барои муҳоҷирон зам накунанд.
Бо вуҷуд коэффисиенти Приморск яке аз баландтарин Русия боқӣ мемонад. Тахмин меравад, ки будҷаи вилоят аз ҳисоби пардохтҳои хориҷиён дар соли 2023 на камтар аз 700 миллион рубл даромад гирад.
Бар асоси омори расмӣ, нимсолаи аввали соли равон дар Приморск ҳудуди 12,7 ҳазор муҳоҷири корӣ патент гирифта, буҷаи вилоят аз ҳисоби пардохтҳои марбути он беш аз 580 млн рубл даромад ба даст овардааст.