ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар назди Маркази савдои Садбарги шаҳри Душанбе ярмаркаи вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он ба сокинони пойтахт 2677 ҷойи нави корӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пешниҳод шуд.
Сардори Раёсати кадрҳои ҶСП “НБО Роғун” Сайдулло Абдулаҳадзода дар ин ярамарка иброз доштааст, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар “НБО Роғун” корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд ва дар он ҷойҳои холии корӣ низ мавҷуданд.
“Аз ин рӯ ҷавононро даъват менамоям, ки дар бунёди ин неругоҳи аср саҳм гузоранд”, - қайд кард оқои Абдулаҳадзода.
Инчунин ӯ зикр намудааст, ки ҳоло барои неругоҳ ронандагон, кафшергарон, муҳандисони гидроэлектромантаж, лоиҳакашон ва дигар мутахассисон заруранд.
“Барои коргарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, яъне онҳо бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мегарданд”, - таъкид кардааст Сардори Раёсати кадрҳои ҶСП “НБО Роғун”.
Таъкид шудааст, ки аз 2677 адад ҷойи кори холии аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии “НБО Роғун” пешниҳодгардида 1290 ҷои кор ба ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”, 880 адад ба ФҶСП “Туннели Садди Ориёно”, 70 ҷойи кор ба ҶДММ “Фароб”, 82 ҷойи кор ба ҶСП “Сохтмони асосӣ” ва дигар ташкилоту ширкат тааллуқ дошт.