Ҳамдардии Раҳмон ба Путин дар робита ба маргу ҷароҳати даҳҳо нафар дар мактаб

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбор дар мактаби шаҳри Ижевски Русия изҳори андуҳ карда, барои наздикони фавтидагон таъзияаашро баён доштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрвандони болиғи Русия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми таслияташ ба ҳамтои русиягӣ, Владимир Путин баён доштаст.
"Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем", - омадааст дар паёми Путин ба Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки 26 сентябр дар мактаби рақами 88-и Ижевск шогирди собиқи ин муассиса ба тиркушоӣ оғоз кардааст ва баъди куштану маҷруҳ кардани даҳҳо нафар, худкушӣ намудаст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Тибқи маълумоти ахир, 17 нафар қурбони ин ҷиноят шудаанд, ки 11 нафари онҳо кӯдаконанд. Инчунин даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки дар миёни онҳо асосан кӯдакон ҳастанд. Дар Удмуртия мотам эълон карда шуд.
Дар зимн Кремл ин ҳамларо амали террористӣ унвон карда, ҳамдардии Путинро ба пайвандони қурбониёни ин фоҷиа баён доштаст.