Путин: Ғарб бояд Русияро эҳтиром кунад

Раисҷумҳури Русия аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки ба кишвар ва манофеаш эҳтиром гузоранд вагарна бо онҳо музокира нахоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ғарб бояд Русияро эҳтиром кунад, гуфт раисҷумҳур Владимир Путин ҳангоми дидор бо кишвардори Беларус, Александр Лукашенко.
“Бояд эҳтиром кунанд”, - гуфт ӯ дар гуфтугӯ бо ҳамтои белорусияш.
Дар ҳамин ҳол, Лукашенко илова кард, ки агар кишварҳои Ғарб Минскро эҳтиром накунанд, бо онҳо ҳамкорӣ нахоҳанд кард.
Ёдовар ешавем, ки равобити Русия ва Беларус бо кишварҳои Ғарб дар пайи оғози амалиёти вижа дар Украина бад шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Маскав музокира бо Киевро рад намекунад
Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрел Русия ба далели интиқоли силоҳ ба Киев ба кишварҳои НАТО нота фиристод. Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ҳама гуна боре, ки дорои кумакҳои низомӣ ба Украина аст, ҳадафи қонунии нерӯҳои ФР хоҳад шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.