Ҷаҳиши қурби рубл ва уфти доллару евро дар Тоҷикистон

Қурби рубли Русия, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар ФР бо ин пул маош мегиранд, ахиран дар биржаи Маскав ва ҳамакнун дар Тоҷикистон низ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Қурби рубли Русия дар оғози ҳафтаи ҷадид дар Тоҷикистон боло рафта, феълан арзиши 1 ҳазори он дар сатҳи 168 сомонӣ қарор дорад. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод 165,5 сомонӣ буд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши асъори амрикоию аврупоӣ дар кишвар майли поинравӣ дошта, феълан 1 доллари ИМА - 10.2293 сомонӣ ва 1 евро - 9.9644 сомонӣ нарх дорад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистонро барои 1 доллари ИМА аз 10.2293 то 10.0 сомонӣ, 1 евро аз 9.9644 то 9.83 сомонӣ ва
1 ҳазор рубли русӣ аз 168 то 170,5 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Интиқоли пул осону арзон мешавад. Иқтисоддон суди пайдоиши сомонӣ дар биржаи Маскавро гуфт
БМТ ҳушдор дод, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Болоравии қурби рубли Русия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран арзиши ин пул дар биржаи Маскав низ боло рафта, арзиши евро ва доллар коҳиш ёфтанд.