Басиҷи нисбӣ дар Русия чӣ гуна мегузарад? – гузориши аксӣ

Рӯзи 21 сентябри соли равон раисҷумҳури Русия фармони дар бораи басиҷи нисбиро имзо кард. Тибқи фармон ба сафи артиш 300 ҳазор нафар бояд ҷалб карда шавад
Sputnik
Владимир Путин дар муроҷиаташ ба мардум гуфт, ки дар доираи басиҷи нисбӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба дорад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи басиҷи нисбӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳад буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Вай зарурати ин иқдомро ба таъмини амнияти ватану шаҳрвандон рабт дода, афзуд, ки феълан алайҳи ғарб мубориза рафта истодааст. Ӯ аз ҷумла таъминоти Украинаро бо аслиҳаи муосир зикр карда, таъкид намуд, ки бо тамоми васоил маълумоти истихборотиро ҷамъ меоранду пешниҳод мекунанд.