Идомаи гармо: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон гарм дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 30 дараҷа, Суғд - 34 дараҷа, Хатлон - 36 ва Душанбе то 33 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабри бебориш дар назар аст, хабар дод Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Суғдро низ ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
"Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+31 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот сурат намегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм дар назар аст, мегӯянд ҳавошиносон.