Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт муваққатан манъ шуд

Аз буриши кӯчаи Алишери Навоӣ то роҳи дусатҳаи хиёбони Нусратулло Махсуми пойтахт ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Аз 26 сентябр бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Баҳоуддинов аз буриши кӯчаи Алишери Навоӣ то роҳи дусатҳаи хиёбони Нусратулло Махсум (ба масофаи 400 метр) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт то анҷоми корҳои сохтмонӣ қатъ карда мешавад.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Шаҳрдори аз ронандаҳо хоҳиш кардааст ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Баҳоуддинов истифода намоянд.
Аз Рӯдакӣ то Шерозӣ: кадом роҳҳои Душанбе баста мешаванд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шаҳрдории Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз канали дериватсионии хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ манъ карда буд
Шурӯъ аз 20 сентябри соли равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсозишавандаи хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардид, иттилоъ дода буд шаҳрдории Душанбе.