“Росатом” омодааст системи шаҳри ҳушманди Душанберо беҳтар намояд

Русия ва Тоҷикистон самти нави ҳамкорӣ – модернсозии таъмини манобеъ ва рушди муҳити шаҳрӣ дар Душанберо баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. “Росатом инфраструктурные решения” мехоҳад бо Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои рақамӣ ҳамкорӣ намояд.
Ширкати русӣ дастовардҳои худро дар заминаи мубодилоти рақамӣ муаррифӣ карда, бо ҳамкорони ширкатҳои мухобиротӣ ва ҳамчунин бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон як силсила мулоқотҳо анҷом дод.
“Дар дафтари КВД “Шаҳри ҳушманд” дар Душанбе муаррифии қарорҳои рақамии “Шаҳри ҳушманди Росатом” муаррифӣ шуд, ҷонибҳо ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ карданд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии “Росатом”.
Ширкати Русия тарҳи худро бо номи "Шаҳри ҳушманди Росатом" муаррифӣ кард. Ин як системаи рақамӣ барои идоракунии самараноки шаҳр мебошад.
Бесифатии интернети Тоҷикистон дар рейтинги фанновариҳои рақамӣ
Тарафҳо ба тавсеаи робитаҳои тиҷории ду кишвар дар ин самт мувофиқат карданд. "Росатом" ва “Шаҳри ҳушманд” тасмим гирифтаанд, як ёддошти ҳамкорӣ имзо кунанд.
Дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳаи озмоишии истифодаи якчанд модулҳои системаи Шаҳри ҳушманд Росатом оғоз шавад.
Ба гуфтаи Алексей Голубев, мудири кулли "Платформаҳои рақамӣ ва ҳалли шаҳрҳои ҳушманд", гуфт ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки табдили ҳамаҷонибаи рақамӣ анҷом дода шавад.
Қобили зикр аст, ки платформаи шахсии “Шаҳри ҳушманди Росатом” аз соли 2019 дар 40 шаҳри Русия фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, беш аз 4 ҳазор корманди шаҳрдорӣ корбари доимии он буда, ҳар моҳ беш аз 50 ҳазор нафар сокинон аз хидматҳои электронӣ истифода мекунанд.