Дуздии 800 ҳазор доллар аз хонаи вазири молияи толибон

Хонаи вазири молияи толибонро дар вилояти Ҳилманд дузд задааст. Дуздон аз хонаи ин мақомдори аршади толибон 800 хазор долларро рабуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Манобеъ дар вилояти Ҳилманд мегӯянд, ки аз хонаи Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, вазири молияи ҳукумати муваққати Толибон 800 ҳазор доллар дуздида шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Hashte Subh”.
Ба иттилои ин манбаъ ҳодиса дар ноҳияи Сангини вилояти Ҳилманд рух додааст. Дар ин парванда алакай 28 нафар, аз ҷумла ҷияни сарпарасти вазорати молияи толибон боздошт шудаанд.
Бар асоси бархе гузоришҳо, Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, шарики қочоқбари маводи мухаддир Башир Нурзай аст, ки чанд рӯз пеш аз сӯи Амрико бар ивази Марк Фрерихс ба Толибон супурда шуд.
Нигаронии Қатар аз ояндаи норушани Афғонистон
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.