Наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавони ғарқшударо аз дарёи Кофарниҳон пайдо карданд

КҲФ Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки пас аз ду рӯз ҷасади ҷавоне аз ноҳияи Шаҳритус, ки ғайб зада буд, аз дарёи Кофарниҳон пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҷасади ҷавонеро, ки дар дарёи Кофарнихон ғарқ шуда буд, берун кашиданд.
Ба гузориши ин ниҳод дарёфти тани беҷони марҳуми 16-сола танҳо баъд аз дӯ рузи ҷустуҷӯ даст дод.
Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби фоҷеа оббозӣ дар ҷои манъкардашуда будааст.
КҲФ қайд кардааст, ки баъд аз пайдо намудани ҷасади ҷавон аз дарёи Кофарниҳон, ба наздиконаш супурда шуд.
Марги 92 нафар бар асари офатҳои табиӣ ва ғарқшавӣ дар шаш моҳи ахир
Ба иттилои КҲФ, ҳодиса рӯзи 20 сентябр, дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус тахминан соати 17:00 рух дода буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш КҲФ хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввал дар пайи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Аксари ғарқшудагон кӯдакону ноболиғон мебошанд. Ба иттилои КҲФ, миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ҳастанд.