ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳодисаҳои рӯзҳои ахир дар Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки Давлати Украина моҳиятан ба як режими террористӣ табдил ёфтааст, гуфт раиси Шӯрои Федератсияи Русия, Валентина Матвиенко.
"Ҳодисаҳои рӯзҳои ахир, маълум кард, ки режими Киев ба наслкушии ошкоро, ба тактикаи қасдан нобуд кардани мардуми осоишта бо силоҳҳои НАТО гузаштааст, ошкор шуд, ки режими кунунии Украина аллакай моҳиятан як режими террорист шудааст" гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.