ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ширкати “Помир энержӣ” иқтидори нерӯгоҳи офтобии воқеъ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро афзоиш медиҳад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.
Иқтидори захиравии неругоҳи мазкур аз 200 кВт/ соат то 500 кВт/соат ва расонидани иқтидори умумии истеҳсоли қувваи офтобии барқ дар ноҳия аз 1000 кВт/соат ба 1500 кВт/соат дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон нерӯи офтоб ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст.
Ҳамин тариқ, нерӯи офтобӣ партовҳои зараровар надорад дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар тавлид намекунад ва ба муҳити зист ва одамон таъсир намерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд ки Дар ин самт то имрӯз 91 маҷмӯъ лавҳаҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 67 кВт барои иншоотҳои иҷтимоӣ ва аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Мурғоб ва муассисаи таълимии коллеҷи энергетикӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ насб шуд.
Ҳамчунин, барои омӯзондани донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ду маҷмӯъ лавҳаҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 40 кВт насб гардид.
Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҶСК “Помир Энерҷӣ” неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 кВт мавриди истифода қарор гирифт.
Илова бар ин, вазорат бо мақсади ташкили сохтори оптималии тавозуни сӯзишворию энергетикии кишвар, афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ, дар солҳои 2021 - 2030 бо ҷалби шарикони рушд марҳила ба марҳила зиёд кардани иқтидорҳои навро ба нақша гирифта, ҳаҷми онҳоро то 700 мВт мерасонад.