Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

Санаи дақиқи сафари раҳбари Беларус ба ҷумҳурӣ ҳанӯз маълум нест, вале вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфтааст, ки ин сафар дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко аз Тоҷикистон боздид мекунад. Аммо санаи дақиқи сафари сиёсатмадор ба ҷумҳурӣ ҳанӯз маълум нест.
Вазорати корҳои хориҷии Беларус танҳо шарҳ дод, ки сафари Лукашенко дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.
Ин ниҳод дар бораи мулоқоти Владимир Макей, вазири умури хориҷии Беларус ва Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷики ӯ сӯҳбат кардааст.
Дипломатҳо дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк дидору гуфтугӯ карданд.
"Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтои белорусии худ дар бораи рушди вазъ дар заминаи ташдиди ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон иттилоъ дод", - таъкид кардааст ВКХ.
Ҳамчунин, "тарафҳо ҷузъиёти омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯъи раисиҷумҳури Беларус ба Тоҷикистонро дар ояндаи наздик баррасӣ карданд."
Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад
Илова бар ин, ширкаткунандагони ҷаласа масъалаҳои марбут ба иқдомоти минбаъдаи Беларус оид ба ҳарчи зудтар ба расмият даровардани узвияти комили он дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро барои анҷоми як сафари расмӣ ба ҷумҳурӣ даъват карда буд.