Талоши мақомоти Панҷакент барои тавсеаи “Мармари Саразм”

Мақомоти Панҷакент мегӯянд, ки барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”, ки барои коркарди захираҳои бузурги мармари ҳудуди шаҳр пешбинӣ шудааст, ба кор оғоз мекунад, иттилоъ додаанд мақомоти шаҳри Панҷакент.
Дар ин замина мақомоти шаҳри Панҷакент барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Манбаъ хабар додааст, ки ахиран Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз корхонаи “Мармари Саразм” боздид намуда, бо фаъолияти коргоҳ шинос шуд.
Ҳамзамон ба роҳбарияти нави он ҷиҳати ба кор андохтани мошину механизмҳои мавҷуда, таҷдиди корхона, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ташкили ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар Суғд даҳҳо корхона фаъолият намекунад
Мақомоти Панҷакент таъкид менамоянд, ки саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дониста шудааст, ба рушди саноат такони нав бахшид.
Ёдовар мешавем, ки 12 сентябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он замон гуфта шуда буд, ки маҳсулоти истеҳсолии “Мармари Саразм” дар иншооти бузурги меъморие, ки бо тарҳи милливу муосир дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон бунёд меёбанд, истифода гардида, дорои сифати баланд мебошад.