Шойгу теъдоди талафоти Русия ва Украинаро гуфт

Ҷониби Украина қариб нисфи артишашро аз даст додааст, изҳор дошт вазири мудофиаи Русия. Ӯ ҳамчунин талафоти ҷониби ФР-ро низ эълон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Донбасс ва Украина феълан 6 ҳазору 937 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия хабар дод. Дар зимн ӯ талафоти ҷониби Украинаро қариб нисфи артиш арзёбӣ намуд.
"Ҳалокшудаҳо беш аз 61,2 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳудуди 49,3 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд", - гуфт Шойгу дар мавриди талафоти Украина.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки беш аз 2 ҳазор ҷангиёни хориҷӣ дар Украина нобуд шуда, феълан ҳудуди як ҳазор нафари онҳо боқӣ мондааст. Боқӣ ҳама кушта, ё тарки кишвар карданд, гуфт Шойгу.
Вай таъкид намуд, ки Русия на танҳо алайҳи Украина мубориза мебарад, балки зидди таҷаммӯи ғарбӣ истодаст. Амалан дар Киев ҳайати фармондеҳии ғарбӣ, беш аз 150 мутахассис қарор доранд, иттилоъ дод ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин сафарбарсозии қисмиро эълон кард: Ӯ гуфт, Русия роҳи бадхоҳонро мегирад
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.