Санаи баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ маълум шуд

Намояндаи вижаи президенти Русия дар умури корҳои СҲШ гуфт, кай ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 1 ноябри соли равон таҳти раёсати Чин дар сиғаи конфронси видеоӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Дар ин бора зимни брифинг намояндаи вижаи президенти Русия дар умури корҳои СҲШ, сафири дастурҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт.
Вай дар посух ба ин суол, ки оё СҲШ метавонад ҷойгузини созмонҳои низомиву иқтисодии ғарбӣ шавад, гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ вазифа нагузоштаем ва намегузорем, ки ҷойгузини касе шавем, мо рақобат намекунем ва ҳариф намешавем, ин дар оиннома возеҳ навишта шудааст. СҲШ бар зидди касе равона нашудааст”.
Сарони кишварҳои узви СҲШ изҳорномаи Самарқандро ба имзо расониданд
Ҳакимов ҳамчунин илова кардааст, ки онҳо ният доранд забони англисиро дар СҲШ ба забони корӣ табдил диҳанд.
“Болои он кор бурда истодаем, ки забони англисӣ расман яке аз забонҳои кории СҲШ гардад”,- гуфт ӯ.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.