ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Кувейт баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ин мавзуъ дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ сурат гирифт.
Дар ин ин мулоқот Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Роҳбари ҳайати кувайтӣ, хонум Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ гуфтугӯ кард, ки дар он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи “Ҳалол” мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидору гуфтугӯ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо дар бораи густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.