ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Вилояти Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад, омадаатс дар иттилоия.
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона то 23+28 дараҷа гармӣ мерасад.
Боришот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ дар назар нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 25+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 13+15 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.