Таъйиди марги 41 нафар дар даргириҳои ахири марзӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасте аз кушта шудани 41 нафар дар даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистонро таъйид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Чиҳилу як нафар бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар нишастӣ хабарӣ дар Душанбе.
“Ҳоло мо марги 41 нафарро дар натиҷаи амалҳои таҷовузкоронаи Қирғизистон таъйид карда метавонем”, — гуфт ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Ёдовар мешавем, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Харобиҳову вайронӣ баъд аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.