СПАД омодаи миёнҷигарӣ барои ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуд

Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо бояд бо роҳи осоишта, дипломатӣ ва сиёсӣ ҳал шавад. СПАД омодааст, ки дар ин самт кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омодааст, талошҳои миёнҷигариро барои созиш миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш диҳад.
Дар ин бора дафтари матбуотии созмон иттилоъ додааст.
"Мо ҳама гуна кӯшиши истифодаи нерӯ барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангезро ғайри қобили қабул мешуморем ва мутмаин ҳастем, ки алтернатива ба бархӯрдҳои сиёсӣ ва дипломатӣ вуҷуд надорад. СПАД омода аст, талошҳои миёнаравиро бо ҳар роҳ барои ноил шудан ба як созиши устувор фаъол созад", - омадааст дар паём.
Раҳбарият ва кормандони Котиботи СПАД хабари қурбониёни даргириҳои аз 14 то 17 сентябр дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро бо дарду алам пазируфта, инчунин таслият ба мардуми ду кишвар дар робита ба ин ҳодисаро изҳор намуданд, амадааст дар иттилоия.
Ин созмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ нақши муҳим доранд, дар таъмини сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СПАД саҳми бузург доранд, аз ин рӯ, муколамаи созанда миёни Бишкек ва Душанбе на танҳо барои онҳо, балки барои ҳамаи давлатҳои аъзои созмон зарур аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зас: муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо роҳи осоишта ҳал шавад
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 35 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.