Қирғизистон барои ҳамла ба Тоҷикистон аз қабл омодагӣ медид— ВКХ

Тоҷикистон афзоиши низои марзиро бо Қирғизистон натиҷаи бесарусомонии қудрат дар Бишкек хонд, ки бо ба қудрат расидани мақомоти нави ин кишвар рӯй медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Қирғизистон амали тачовузкоронаи ҳарбӣ ба муқобили Тоҷикистонро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ изҳор дошт.
Намояндаи Вазорати корхои хоричй якчанд далел овард:
Дар як муддати кутоҳ пеш аз сар задани низоъ тахлияи беш аз 140 ҳазор нафар аз ноҳияҳои наздисарҳадӣ;
Таҷҳизоти низомии нерӯҳои Қирғизистон дар бахши бузурге аз сарҳад муттамаркиз шуда буданд.
Ҳамлаи иттилоотӣ, ки бо ҳар як ҳолати таҷовузи низомӣ ҳамроҳӣ буд.
"Мо амалҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистонро нақзи дағалона на танҳо қонуни башардӯстона, балки ахлоқи инсонӣ мешуморем, зеро на танҳо инфрасохтори ҳарбӣ, балки инфрасохтори шаҳрвандӣ, аз ҷумла хатҳои барқ, алоқа ва биноҳои истиқоматӣ ҳадафмандона несту нобуд карда шуд",- гуфт ӯ.
Афзоиши муноқишаи мусаллаҳона дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон натиҷаи бесарусомонии қудрат дар Бишкек аст, гуфт ӯ.
"Амалҳои таҷовузкор дар марз ба он нигаронида шудаанд, ки ҳукумати кунунӣ қонунияти худро дар ҷомеа исбот кунад ва бо чунин риторикаи хашмгинонаи "ватанпарастӣ" вонамуд кунад, ки худро ҳомиёни манфиатҳои мардуми қирғиз вонамуд кунанд",- гуфт Оқои Имомӣ.
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
СПАД омодаи миёнҷигарӣ барои ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуд
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.