Коршинос: Барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст

Коршиноси тоҷик ҳалли муноқишоти марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дар иҷрои мутақобилаи тааҳҳудоти ҳар ду аз ин кишварҳо мебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ин муноқиша бо роҳи пойбандии ҳар ду тараф ба тааҳҳудоти худ ҳал мешавад, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршинос Умед Ҷайҳонӣ.
Ба гуфтаи вай, то кунун Тоҷикистон пойбандии худ ба таъаҳҳудотро собит кардааст.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон ҳар бор заминҳоеро, ки Қирғизистон иҷора гирифтаву пас намедиҳад, дар паи задухӯрди марзӣ пас мегирад, вале чун пойбанд ба таъаҳҳудоти байнулмилалӣ бо Қирғизистон аст, онҳоро бозпас медиҳад.
“Эҳтимолан, Қирғизистон ин пойбандии Тоҷикистонро нармиву тоҷикӣ мепиндорад, ки ҳар аз гоҳе ҳама таъаҳҳудотро зери по мекунад ва даргирӣ роҳ меандозад”, - гуфт коршинос.
Дар ҳамин ҳол Умед Ҷайҳонӣ барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ мебинад.
Тоҷикистон аз ҷаҳониён хост, ба муноқиша дар марз баҳои одилона диҳанд
“Роҳи аввал ҳукумати Қирғизистон ба дасти сиёсатмадорони воқеъгаро бигзарад, ки муҳол аст. Роҳи дувум ин сиёсатмадорон ба таъаҳҳудоти кишвари худ пойбанд бошанд, ки муҳолтар аз он аст ва роҳи севум марз бо Қирғизистон бояд дақиқ марзнигорӣ ва аломатгузорӣ шавад”,- гуфт коршинос.
Умед Ҷайҳонӣ бар он аст, ки чун ҳукумат дар Қирғизистон ҳар чанд сол як бор миёни гурӯҳҳои фурсатталаб даст ба даст мешавад, умеде ба ҳалли мусолиматомези кашмакашии марзӣ намемонад. Бино бар ин, Тоҷикистон набояд сарзаминҳои пасгирифтаашро ба Қирғизистон бозпас диҳад ва онҳоро дар музокирот мавзуъи муъомила қарор диҳад.