Илҳом Бобоев: Яке аз мушкили аслии даргириҳо дар марз нақзи тавофуқҳои пешина аст

Раиси диаспораи тоҷикон дар шаҳри Иваново мегӯяд, ки агар ҷониби Қирғизистон тавофуқҳои пешинаро риоя мекард, ҳеҷ даргирӣ ва хунрезие рух намедод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Яке аз сабабҳои аслии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин нақзи тавофуқнома ва қарордодҳои қаблан имзошуда аз ҷониби раҳбарияти Қирғизистон аст, ки бевосита ба вуҷуди як навъ қудрати дугона дар ин кишвар иртибот дорад, гуфт Илҳом Бобоев, раиси диаспораи тоҷикон дар шаҳри Иваново ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай мегӯяд, бо дарназардошти мавҷуд набудани мавзеъгирии муштарак ва ҳамоҳангии муштарак миёни раисҷумҳур ва раиси КДАМ-и Қирғизистон дар масъалаи марз, мо аксар вақт шоҳиди он мешавем, ки ошкоро тавофуқҳои қаблӣ нақз мешаванд ё риоя намешаванд.
Сабаби дигари муноқиша дар он аст, ки мақомоти феълии Қирғизистон бо ташкили чунин ҳодиса талош доранд таваҷҷуҳи ҷомеъаи шаҳрвандии кишварро аз мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва амалҳои ҷиноӣ ва фасодкории мақомот дур кунанд.
Коршинос: Барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст
Роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Иваново бар он аст, ки ҳукумати марказии Қирғизистон заъиф аст ва тасмимҳои ҳукумат ба андешаи сокинони маҳаллӣ бастагӣ дорад.
Баъзе рохбарону мансабдорони махаллӣ ба карорҳои ҳукумати марказӣ пурра итоат намекунанд, ки қуввахои сеюм аз ин истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.