Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Фоҷиа дар Чоркӯҳ: 6 узви як хонавода кушта шуданд - акс

Мошини ёрии таъҷилӣ, ки онҳоро ба бемористони шаҳри Исфара мебурд, гулӯлаборон шуда, ҳамроҳ бо ронанда бемор ва табиб низ дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд
Sputnik
Пайвандони ин хонавода мегуянд, ин ҳодисаи мусибатангез субҳи рӯзи 16 сентябр рух дод ва якбора шаш узви хонавода ба ҳисоби се тифли маъсумро аз байни онҳо рабурд.
1 / 8

Мошини ёрии таъҷилӣ, ки онҳоро ба Бемористони шаҳри Исфара мерасонд, гулулаборон шуд

2 / 8

ҳамроҳ бо ронанда, бемор ва табиб дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд

3 / 8

6 узви як хонавода кушта шуданд

4 / 8

Дар натиҷаи ин ҳодиса Муҳайё Фозилова, модари хонадон, келинҳояш Дилноза ва Садоқат ҳамроҳ бо кӯдаконашон Муҳаммадимрони Илҳомҷон ва Асомахони Амриддин кушта шуданд

5 / 8

Пайвандони хонаводаи Фаёзовҳо мегуянд, Садоқат ба ҷузъ духтарчае, ки ҳамроҳаш буд, дар батнаш тифл дошт

6 / 8

вақти таваллуд шуданаш наздик буд, аммо он тифл ҳанӯз ба дунё наомада ҳамроҳ бо модару хоҳару очааш кушта шуд.

7 / 8

Мақомот шаддан ин амали низомиёни Қирғизистонро маҳкум карданд

8 / 8

Дар натиҷаи ин фоҷиаи марзӣ дар умум панҷ узви як хонавода ва Камолиддин Ашӯров, сартабиби бунгоҳи тибии ҷамоати Сурх ва ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ кушта шудаанд.

Асатилло Ҷалилов, хоҳарзодаи Муҳайё Фаёзоваи кушташуда дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҷузиёти он ҳодисаи мудҳишро нақл кард.
Ӯ, изҳор намуд, ки он субҳ хост холаву хоҳар ва дигар пайвандони хонаводаро аз маҳалли тирборон берун барад, вале дар болои мошинаш тир онҳоро захмӣ намуд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса Муҳайё Фозилова, модари хонадон, келинҳояш Дилноза ва Садоқат ҳамроҳ бо кӯдаконашон Муҳаммадимрони Илҳомҷон ва Асомахони Амриддин кушта шуданд.
Вокуниши Шӯрои уламои Тоҷикистон вобста ба ҳамлаи паҳподии Қирғизистон ба масҷид
Пайвандони хонаводаи Фаёзовҳо мегуянд, Садоқат ба ҷузъ духтарчае, ки ҳамроҳаш буд, дар батнаш тифл дошт, ки вақти таваллуд шуданаш наздик буд, аммо он тифл ҳанӯз ба дунё наомада ҳамроҳ бо модару хоҳару очааш кушта шуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиаи марзӣ дар умум панҷ узви як хонавода ва Камолиддин Ашӯров, сартабиби бунгоҳи тибии ҷамоати Сурх ва ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ кушта шудаанд.