То 35 дараҷа гарм: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Мавсими гармо дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар ВМКБ то 29 дараҷа, дар Суғд то 33 дараҷа, дар Хатлон то 35 ва шаҳри Душанбе то 32 дараҷа гармӣ мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар" аз қавли Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм ва дар шарқ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа, рӯзона то 21+26 дараҷа гарм мерасад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
"Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳавои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо низ ҳамчунин ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад, таъкид намуданд ҳавошиносон.