Рашк ё хиёнат: марде дар Душанбе бо 25 зарби корд ҳамсарашро кушт

Марде пас аз баромадан ба озодӣ, дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳасарашро ба қатл расонидааст. Ӯро дигарбора кунҷи зиндон мунтазир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини пойтахтро дастгир кардааст, ки дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дастширшуда К.С 49-сол ва ҳамсараш Р.З, ки 50-сола буд, соҳиби фарзанду наберагон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор шаби 12 сентябр дар заминаи рашку хиёнат ва якдигарбадбинӣ сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, шавҳар дар дили шаб ҳагоми хоб ба тану гардани ҳамсараш дар умум 25 зарби корд мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҳалок мешавад.
Сокини Истаравшан ҳамсари 27-солаи худро буғӣ карда кушт
Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ки дар пайи хиёнат ва рашк ба чунин кор даст зад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот дастгиршуда, қаблан низ барои қасдар расонидани зарар ба саломатӣ ва авбошӣ солҳои тӯлонӣ зиндонӣ буд, паз аз ба озодӣ баромадан даст ба чунин кор зодааст.
ВУД мегӯяд, алайҳи мавсуф бо моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин модда "Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар" ном дошта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.