ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қирғизистон ширкат мекунанд. Дар ин бора сардори ситоди муштараки ин созмон генерал-полковник Анатолий Сидоров хабар дод.
"Мо тасдиқи хаттӣ гирифтем, ки низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳо дар қаламрави Қирғизистон ширкат хоҳад кард", - гуфт ӯ зимни нишасти хабарие.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи “Эделвейс” тамринҳои фармондеҳии “Бародарии абадӣ - 2022” баргузор мешаванд.
Дар ин машқҳо ба ҷуз аз низомиёни тоҷику қирғиз, нирӯҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.
Ба тамринҳо нозирон аз Ӯзбекистон, Сербия, Сурия, Туркманистон ва Муғулистон даъват мешаванд.
Низомиён вазифаҳои ҳалли масоили баъдиҷангиро дар минтақаи бӯҳронӣ тавассути гузаронидани амалиёти сулҳомез бо истифода аз нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СПАД ба манфиати ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, инчунин мусоидат дар таъмини кумаки башардӯстона мегузаронанд.
Дар доираи тамриноти муштарак аз соли 2012 машқҳо бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД “Бародарии абадӣ” баргузор мешаванд.