Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Номуайяниву хонавайронӣ: Чоркӯҳ баъд аз даргириҳо дар чӣ аҳвол аст? - акс

Боз як муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷони чанд нафарро гирифт ва хонаҳои бархе аз сокинони маҳаллиро хароб кард
Sputnik
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар ҷамоати Чоркӯҳ беш аз 10 хонаи сокинон дар ин даргирӣ зарар дидааст.
Ҳамчунин дар ин минтақа ба худравҳои сокинон низ зарар расидааст.
Хушбахтона ягон сокини Чоркуҳ ҷон набохтааст, аммо дар ин даргириҳои ахир 11 сокини ин минтақа захм бардоштаанд ва ба бемористон расонида шуда буданд. Баъд аз як рӯз 9 нафари онҳо аз беморитсон рухсат шуданд.
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? Посухи хадамоти марзбонӣ
Гуфта мешавад, ки ду нафар бино бар вазъи саломатиашон ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара фиристода шуданд.
Дар ин даргири чанд хона ва худрави сокинон осеб диданд
1 / 11

Задухӯрд миёни марзбонон субҳи 14 сентябр оғоз шуд

2 / 11

Нахуст муноқишаи марзӣ дар маҳаллаи Кехи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара сар зад

3 / 11

Сипас муноқиша дар ҳудуди маҳаллаи Лангари Чоркӯҳ шаҳри Исфара идома ёфта,ёфт

4 / 11

Ҷонибҳо дар барангехтани низоъ якдигарро муттаҳам карданд

5 / 11

Бар асари даргириҳо аз тарафи Тоҷикистон ду нафар кушта шуд. Шаш нафар захмӣ шуд, ки чаҳор нафари онҳо ғайринизомиён буданд

6 / 11

Аз ҷониби Қирғизистон 5 захмӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар миёни онҳо ду низомӣ ва се ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак низ ҳастанд

7 / 11

Наздик ба шом мақомоти вилоятҳои наздимарзӣ чанд вохӯрӣ баргузор карданд

8 / 11

Кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки марзро муштаракан посбонӣ кунанд ва вазъро ором кунанд.

9 / 11

Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромона гузашт

10 / 11

Дар ин даргири чанд хона ва худрави сокинон осеб диданд

11 / 11

Дар даргириҳои ахир чанд худрави сокинон осеб дидааст

Зимнан мақомот барои муайян кардани хисорот комиссия ташкил карда ва ҳоло ҳаҷми зарари расида ба хонаҳоро ҳисобу китоб доранд.