Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ба як миллиард доллар наздик шуд

Давлатҳо ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат бомуваффақият идома медиҳанд. Танҳо дар 7 моҳи соли 2022 Маскав ва Душанбе ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.
Вай таъкид кард, ки кишварҳо тавонистаанд дар 7 моҳи аввали соли 2022 ба чунин натиҷаҳо ноил шаванд.
Абдураҳмонзода дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Русия, ки дар пойтахт ҷараён дорад, афзуд дар соли 2021 миёни Маскав ва Душанбе 1 миллиарду 400 миллион доллар муомилот анҷом доданд, ки ин нисбат ба як соли қабл 40% бештар аст.
Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар намояндагони мақомот ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, инчунин соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Шиносоии соҳибкорони Красноярски Русия аз вилояти Суғди Тоҷикистон
Ҳадафи аслии ин ҳамоиш роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои нави Русия дар бахшҳои саноат, энержӣ ва кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар бораи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар арсаи тиҷорат изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи вай, дар соли 2021 гардиши тиҷоратии мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7 дарсад афзоиш ёфта, беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 афзоиши он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 15,7% - то 408,8 миллион долларро ташкил дод.
Ҳоло дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия беш аз 300 корхона фаъолият мекунанд. Ҳаҷми сармоягузории Федератсияи Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии воридшударо ташкил медиҳад, афзуд ӯ.