ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши энержӣ мебошад, таъкид кард Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши сармоягузорӣ дар Душанбе.
"Ин ба афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ таъсири мусбӣ мрасонидааст", — хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар истинод ба суханони вазир.
Ба гуфтаи вазири энергетикаи Тоҷикистон, дар 30 соли оянда масрафи нерӯи барқ ду баробар афзоиш ёфта, талабот ба он дар Осиёи Марказӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Илова бар ин, мушаххас шудааст, ки Русия ҳамасола ба Тоҷикистон 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Русия”, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе ҷараён дорад, ҳудуди 150 намояндаи мақомот ва доираҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Иштирокчиёни асосӣ – соҳибкорон, сармоягузорон, мансабдорони давлатӣ, ташкилотҳои молиявии ҳарду ҷониб мебошанд.
Ҳайати Русияро муовини вазири рушди иқтисод Дмитрий Волвач раҳбарӣ мекунад.