ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд, хабар дод "Ховар" аз қавли Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои камабри бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 26+25 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо ҳам ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 14+16 ва рӯзона то 33+35 дараҷа гарм мегардад.