Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хидмати сарбозӣ

Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ ба тасвиб расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона барои баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ дар соли 2022 тасдиқ гардид.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи қарори мазкур, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда мешаванд.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Қариб 27 ҳазор сомонӣ аз як нафар барои хизмати алтернативӣ куҷо меравад? Посухи генерал
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.
Дар асоси қарори мазкур Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тибро, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш фармони раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тасвиб расида буд.